Апрел 27, 2017 21:36 Asia/Dushanbe
  • Поёни иҷлоси шаҳрдорони ҷаҳони Ислом дар Машҳад

Нахустин иҷлоси шаҳрдорони ҷаҳони Ислом, рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Машҳад бо судури баёнияе ба кори худ поён дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии “Садои Хуросон”, дар баёнияи поёнии нахустин иҷлоси шаҳрдорони ҷаҳони Ислом, бар рафъи маҳрумият аз ҷавомеи исломӣ бо тақвияти таомулот ва таваҷҷӯҳ ба фазои колбудӣ ва даромади пойдори шаҳрӣ, таъкид шуд.

Дар ин баёния, иқдомоти террористии солҳои ахир, ки мунҷар ба вайронии бахшҳои умдае аз шаҳрҳои исломӣ гардида маҳкум, ва таъкид шудааст, ки таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба бозсозӣ ва эҳёи шаҳрҳои тахриб шуда, ки бахше аз ҳувият ва фарҳанги ҷаҳони Ислом ҳастанд, зарурат дорад.

Таваҷҷуҳ ба меъморӣ ва шаҳрсозиҳои исломӣ дар сохту созҳои шаҳрӣ, таваҷҷӯҳ ба фазои колбудии шаҳрӣ бо таъкиди вижа бар маънавият, шодӣ ва рифоҳи шаҳрвандон ва таҳмил накардани бори изофӣ бар шаҳрвандон дар ҳазинаҳои шаҳрнишинӣ, аз дигар бандҳои ин баёния аст.