“Садои Хуросон” - садои ҳамдилию ҳамнавоӣ
(last modified Fri, 28 Apr 2017 10:01:35 GMT )
Апрел 28, 2017 15:01 Asia/Dushanbe
  • Доктор Паймон Ҷебеллӣ, муовини бурунмарзии раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз \\\\\\\\\\\\\\\
    Доктор Паймон Ҷебеллӣ, муовини бурунмарзии раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз \\\\\\\\\\\\\\\"Садои Хуросон\\\\\\\\\\\\\\\" боздид кард.

Муовини бурунмарзии Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар боздид аз радиоҳои бурунмарзии мустақар дар шаҳри Машҳади Эрон Радио тоҷикӣ, “Садои Хуросон”-ро намоди радиоҳои бурунмарзии Эрон хонд.

Доктор Паймон Ҷебеллӣ рӯзи ҷумъа, 28-уми апрел бо ҳузур дар таҳририя ва студияи пахши Радиои тоҷикӣ-“Садои Хуросон” аз наздик бо чигунагии фаъолияти мудир ва кормандони ин радио ошно шуда, аз онон қадрдонӣ кард. Доктор Ҷебеллӣ дар ин дидор таъкид кард, “Садои Хуросон” садои ҳамдилию ҳамнавоиро миёни форсизабонони минтақа, бавижа дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Русия мунташир мекунад.  Ӯ бо ибрози хурсандӣ аз сатҳи фаъолияти “Садои Хуросон” гуфт, ҷойи басе хушҳолӣ аст, ки ин радио тавонистааст дар рақобат бо радиоҳои дорои даҳсолаҳо таҷриба сабқатро аз онҳо бирабояд.

Илова бар “Садои Хуросон” радиоҳои узбакӣ ва дарии бурунмарзии Эрон низ дар Садо ва симои Машҳад фаъолият мекунанд, ки муовини бурунмарзии раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ин ду радио низ боздид кард.