Таъйиди эъдоми Шаҳроми Амирӣ ба ҷурми ҷосусӣ барои душман
Сухангӯи Қувваи қазоияи Эрон эъдоми Шаҳроми Амирӣ ба ҷурми ҷосусӣ зидди низоми Ҷумҳурии исломии Эронро таъйид кард.
Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжаӣ, сухангӯи Қувваи қазоияи Эрон рӯзи якшанбе дар нишасти хабарӣ дар бораи муҷозоти Шаҳроми Амирӣ гуфт, ин фард бо тавваҷуҳ ба дастрасиҳое, ки ба асрори ҳаётӣ ва сиррии низом дошт ва ин иттилоотро дар ихтиёри душман, ба вижа Амрико қарор медод, дар додгоҳҳо мунсифона муҳокима ва ба эъдом маҳкум шуд.
Муҳсини Эжаӣ афзуд: "Яке аз рӯдастҳое, ки системаи иттилоотии Амрико аз системаҳои иттилоотии Ҷумҳурии исломии Эрони хурд, моҷарои Амирӣ аст, ки баъдҳо ба ин масъала пардохта хоҳад шуд".
Сухангӯи Қувваи қазоияи Эрон тасреҳ кард: "Системаҳои иттилоотии Амрико тасаввур мекарданд, ки Эрон дар ҷараёни нақл ва интиқоли Амирӣ ба Арабистон ва корҳое, ки мекарданд, нест, аммо Теҳрон аз ин қазия хабар дошт ва онро расад мекард".
Муҳсини Эжаӣ таъкид кард: "Шаҳроми Амирӣ бар асоси қонун ва бо ҳузури вакил муҳокима ва ҳукми эъдом бар асоси риволи қазоӣ содир шуд".
Сухангӯи Қувваи қазоияи Эрон афзуд: "Ба Шаҳроми Амирӣ фурсат дода шуд, иштибоҳоти худро ҷуброн кунад, аммо вай на фақат талоше дар ин замина накард, балки саъй кард аз даруни зиндон низ иттилоот ба берун бифиристад, ки пас аз ин маворид ва тайи мароҳили қонунӣ муҷозот шуд".