Шиносоии авомили террор дар марзи Эрону Покистон
(last modified Sun, 30 Apr 2017 08:53:24 GMT )
Апрел 30, 2017 13:53 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии авомили террор дар марзи Эрону Покистон

Ноиби раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон аз шиносоӣ шудани бархе аз авомили ҳамлаи террористӣ дар марзи Покистон, ки ба шаҳодати теъдоде аз марзбонони эронӣ мунҷар шуд, хабар дод.

Абулфазли Ҳасанбегӣ, ноиби раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Тасним” афзуд, Вазорати умури хориҷӣ, Вазорати кишвар, нерӯи интизомӣ ва нерӯҳои амниятии Эрон пайгири ҳамлаи террористии 26 апрели гурӯҳаки террористи «Ҷайш-уз- зулм» ба марзбонони эронӣ дар марзи Покистон ҳастанд ва бар асоси таҳқиқоту эъломи мақомоти амниятии Эрон, бархе аз авомили он шиносоӣ шудаанд. Ҳасанбегӣ бо баёни ин ки қарор буд, бо ҳузури ҳайати парлумонии Покистон дар рӯзи якшанбе ин ҳамлаи террористӣ дар Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон баррасӣ шавад, гуфт, ба иллати ҳузури наёфтани ҳайати Покистон ин ҷаласа ба замони дигар гузошта шуд.

Ноиби раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хорҷии парлумони Эрон тасреҳ кард, барои шиносоӣ ва дастгир кардани ҳама авомили ҳамлаи террористӣ дар марзи Покистон чанд рӯзи дигар замон лозим аст, то корҳои иттилоотӣ ва амниятӣ такмил шавад ва дар ниҳоят авомили ин ҳамлаи террористӣ дастгир шаванд.

Шаби чаҳоршанбеи  гузашта, 26 апрел дар пайи камини террористҳо дар нуқтаи сифри марзи Эрон бо Покистон 9 нафар аз марзбонони минтақаи «Мирҷова»-и устони Систон ва Балуҷистони Эрон ҳини гаштзанӣ ба шаҳодат расиданд ва яке аз марзбонони маҷрӯҳ ҳам тавассути террористҳо ба хоки Покистон мунтақил шуд. Гурӯҳаки такфирӣ ва террористии «Ҷайш-уз-зулм» масъулияти ин ҳамлаи террористиро ба уҳда гирифтааст.