Август 07, 2016 19:51 Asia/Dushanbe
  • Лағви раводид байни Эрон ва Арманистон

Иҷрои тавофуқи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Арманистон барои лағви раводид оғоз шуд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории Садо ва Симо, Ҳовиг Оброҳомиён, нахуствазири Арманистон дар дидори Козими Саҷҷодӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ереван, аз оғози марҳилаи иҷрои тавофуқи ду кишвар барои лағви раводид хабар дод.

Ду тараф дар ин дидор таъкид карданд, лағви раводид ба густариши туризм байни Эрон ва Арманистон мунҷар хоҳад шуд ва ҳамчунин шароити муносиберо барои сафарҳои мутақобили эрониҳо ва арманистониҳо ба ду кишвар эҷод хоҳад кард.

 

Барчасп