Май 02, 2017 16:33 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Эрон: Тавони содироти мушакро дорем

Вазири дифоъ ва пуштибони нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, Эрон илова бар таъмини ниёзҳои дохилӣ тавоноии содироти мушак ба дигар кишварҳоро низ дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, сардор сартипи посдор Ҳусайни Деҳқон афзуд, имрӯз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи мушакӣ ба сатҳе аз тавон ва қобилият расидааст, ки бо ҳар бурд, ҳар мизон аз тахрибкунандагӣ ва ҳар мизон аз диққат, ки бихоҳад, метавонад мушак тавлид кунад. Ӯ гуфт, дастовардҳои дифоии Эрон омили боздорандаи таъйинкунандае дар муқобили душманон маҳсуб мешавад. Вазири дифои Эрон ҳамчунин таъкид кард, қимату кайфияти маҳсулоти низомӣ Эрон ба гунае аст, ки бо вуҷуди таҳримҳои золимонаи Ғарб алайҳи миллати Эрон тавлидоти ин кишвар ба кишварҳои бузурги ҷаҳон содир мешавад.

Сардор Деҳқон бо ишора ба афзоиши 100 баробар тавлиди таслиҳоти Эрон дар солҳои ахир гуфт, Вазорати дифоъ ва пуштибони нерӯҳои мусаллаҳ имрӯз қодир аст, тамоми таҷҳизоти мавриди ниёзи нерӯҳои замини Эронро тавлид кунад.

 

Барчасп