Май 03, 2017 13:03 Asia/Dushanbe
  • Заминларзаи бомдоди чаҳоршанбе дар Машҳад

Машҳад дар бомдоди чаҳоршанбе боз ҳам ларзид.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, зилзилае ба бузургии 5,3 риштер бомдоди чаҳоршанбе Машҳадро ларзонд.

Маркази ларзанигории кишварии вобаста ба Муассисаи геофизики Донишгоҳи Теҳрон эълом кард, ин зилзила соати яку 42 дақиқаву 7 сонияи бомдоди чаҳоршанбе ба вуқуъ пайваст.

 Зилзила дар умқи 7 километрии замин ва дар мавзеи Сафедсанг, дар 102 километрии Машҳад рӯй дод. Ин заминларза илова бар Машҳад, дар шаҳрҳои Турбати Ҷом, Турбати Ҳайдария, Хоф, Сарахс, Тойбод, Фаримон ва Раштхор ҳам эҳсос шуд.

Мудири кулли мудирияти буҳрони устондории Хуросони Разавӣ гуфт, заминларзаи бомдоди имрӯз дар Сафедсанги Хуросон Разавӣ хисорати ҷиддӣ надошт.

 Ҳуҷҷаталӣ Шоёнфар афзуд, бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ ду нафар дар ин заминларза бар асари тарс ва заминхӯрдагӣ дучори ҷароҳати ҷузъӣ шуданд, ки бо ҳузури нерӯҳои имдодӣ дар минтақа маврид мудово қарор гирифтанд ва бахшҳое аз теъдоде манзил, ки дар зилзилаи ахир дучори таракхӯрдагӣ шуда буданд, фурӯ рехт.

Ба гуфта вай, пас аз вуқуи заминларза билофосила ситоди буҳрон дар шаҳристонҳо ташкил ва нерӯҳои имдод ба ҳолати омодабош даромаданд.