Май 05, 2017 15:47 Asia/Dushanbe
  • Вазири иттилооти Эрон: 30 тими террористӣ дар соли гузашта мунҳадим шуд

Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, сарбозони гумноми Имоми Замон  дар соли гузашта муваффақ шуданд, 30 тими террористиро, ки қасди амалиёт дар маконҳои пурҷамъият доштанд, аз байн баранд.

Ҳуҷҷат-ул-Ислом ва ал-амуслмин Сайид Маҳмуди Алавӣ, вазири иттилооти Эрон имрӯз, ҷумъа дар суханронии пеш аз хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, дар солҳои 1393 ва 1394 (ҳиҷрии шамсӣ) низ 45 тими террористӣ дар Эрон мунҳадим шуд. Вазири иттилооти Эрон гуфт, таҷҳизот, силоҳ ва муҳимоти бисёр зиёде аз ин тимҳои террористӣ кашф шуд, ки 108 бомби миқнотисӣ ва 15 ҷалиқа (бронежилет)-и интиҳорӣ аз ҷумлаи онҳост.

Сайид Маҳмуди Алавӣ таъкид кард, Вазорати иттилооти Эрон бар иқдомоту таҳаррукоти хадамоти иттилооти хориҷӣ назорати комил дорад ва мавориди мутааддиде аз ҷосусиро пайгирӣ кардааст. Вазири иттилооти Эрон ҳамчунин гуфт, беҳтарин, мутадайинтарин ва тавонотарин афрод ба унвони сарбозони гумноми Имоми Замон дар Вазорати иттилоот барои барқарории амнияти пойдор талош мекунанд ва ин амнияти пойдор мавриди эътирофи ҳама дар дохилу хориҷ аст.