Май 05, 2017 18:17 Asia/Dushanbe
  • Аз номаи Эрон ба Созмони Милал:

Намояндаи Эрон дар Созмони Милал суханони ахири Муҳаммад ибни Салмон, муовини валиаҳд ва вазири дифои Арабистонро таҳдиде зидди Эрон бар асоси банди чаҳоруми моддаи дувуми маншури Милали Муттаҳид ва эътироф ба ҳамкории ин режим бо иқдомоти хушунатомезу террористӣ дар дохили Эрон хонд.

Ғуломалии Хушру, намояндаи Эрон дар Созмони Милал рӯзи панҷшанбе дар номае ба дабири кул ва раиси Шӯрои амнияти Созмони Милал аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то иқдомоти лозимро барои водор кардани Арабистони Саудӣ ба таваққуфи ҳимоят аз терроризму ифротгароӣ дар минтақа ва сартосари ҷаҳон, бавижа поён додан ба таҷовузи ошкору густурда, қатли ом ва таҳмили қаҳтӣ бар мардуми Яман ба амал оварад.

Вазири дифои режими Саудӣ сешанбеи гузашта дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Саудӣ муддаӣ шуд, Эрон сиёсати хоси худро дар минтақа пеш мебарад ва дар чорчӯби тоифагароӣ амал мекунад, дар чунин шароит Арабистон Саудӣ бо Эрон ба тафоҳум намерасад.

Мавозеи хасмонаи Муҳаммад ибни Салмон зидди Эрон ҳамзамон бо дидори ахири вазири умури хориҷии Арабистон бо масъулони амрикоӣ дар Вашингтон матраҳ шуда, ки нишон медиҳад, Арабистони Саудӣ барои наҷоти худ аз вазъияти буҳронӣ дар арсаи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо сиёсатҳои хасмонаи Амрико зидди Эрон ҳамсӯ шудааст. Талош барои тавҷеҳи ҳимоятҳои бештари Амрико аз Арабистони Саудӣ, бавижа барои наҷоти ин кишвар аз ботлоқи Яман, тавҷеҳи хариди силоҳҳои амрикоӣ ва куштори мардуми Яман тавассути ин силоҳҳо пояи суханони саросар дурӯғи вазири дифои Арабистон зидди Эрон аст. Илова бар ин Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар остонаи сафар ба Арабистони Саудӣ қарор дорад ва дар чунин шароите Муҳаммад ибни Салмон талош кард, беш аз пеш бо сиёсати хасмонаи Амрико зидди Эрон ҳамроҳ шавад, то дар сояи ин сиёсат ба ҷиноятҳо ва нокомии худ дар Яман ва буҳрони иқтисодӣ дар Арабистон сарпӯш бигузорад ва ҳамзамон бо дар ҳошия қарор додани масъалаи нақзи ҳуқуқи башар Амрикоро беш аз пеш бо сиёсатҳои Арабистон ҳамсӯ кунад. Дар ҳамин чорчӯб Одил Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ ҳам аз мавзеи тундтари Трамп зидди Эрон истиқбол кардааст.

Арабистони Саудӣ дар ҳоле дар масири вогароӣ бо Эрон гом бармедорад ва Теҳронро душмани худ қаламдод мекунад, ки асосан аз ноҳияи Эрон ҳеҷ буҳроне ба  Арабистон таҳдид намекунад. Билъакс бинобар сиёсатҳои Арабистон Саудӣ Эрон уҳдадор шудааст, барои рафъи хатари таҳаррукоти террористӣ ҳазина кунад. Таҳаррукоти гурӯҳакҳои террористӣ дар марзҳои Эрон аз ҳимояти Арабистон Саудӣ бархурдор аст. Шаҳодати 9 марзбони эронӣ дар марзи Покистон ба дасти пайравони гурӯҳаки террористии «Ҷайш-уз-зулм» натиҷаи ҳамкорӣ ва ҳимояти Арабистони Саудӣ аз гурӯҳакҳои террористии зидди Эрон аст.

Арабистони Саудӣ ҳаёти сиёсии худро дар рӯёрӯии сохта бо Эрон медонад, чаро ки сиёсати созанда ва мантиқии Эрон мавриди истиқболи кишварҳои мухталифи минтақа ва ҷаҳониён қарор гирифтааст. Талоши Арабистон барои муаррифии Эрон ба унвони кишваре, ки сиёсатҳои ба истилоҳ тоифагаронаи худро пеш мебарад, ба ҷое нахоҳад расид, чаро ки Эрон бо иттихози рӯйкарди ваҳдатгароёна дар канори арабҳо бо терроризме дар Сурия ва Ироқ меҷангад, ки Арабистони Саудӣ сарчашмаи онон аст. Он чӣ барои Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳамият дорад, ваҳдати ҷаҳони Ислом ва ҳамгироии кишварҳо барои бурунрафт аз буҳронҳои мутааддид дар минтақаи ҳассоси ғарби Осиё аст; буҳронҳое, ки реша дар дахолатҳои хориҷӣ ва зоишу рушди тафаккуроти ифротӣ ва терроризми такфирӣ дошта, аз сӯйи андешаҳои фирқагароёнаи ваҳҳобият дар Арабистони Саудӣ ҷоннок карда мешавад.

 

Барчасп