Май 08, 2017 13:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори шадиди вазири дифои Эрон ба Арабистон

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии ал-Манори Лубнон, дар бораи ҳар гуна иқдоми таҳрикомези Арабистон зидди Эрон, ба шиддат ҳушдор дод.

Ба гузориши шабакаи ал-Манор, генерал Ҳусайни Деҳқон дар посух ба ин савол, ки оё Арабистон тавоноӣ дорад, доманаи набардҳоро ба хоки Эрон бикашонад, гуфт, « ман ба онон (саудиҳо) тавсия мекунам, чунин ҳамоқатеро муртакиб нашаванд, аммо агар ин ҳамоқатро муртакиб шаванд баъид аст аз Арабистон ҷуз Макка ва Мадина, ҷои дигаре боқӣ бимонад.»

Вай афзуд, такаббури мақомоти Арабистон мӯҷиб шудааст, то суханонеро ба забон биоваранд, ки худ онро дарк намекунанд, ҳама коре, ки онон метавонанд анҷом диҳанд, таҳрики режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон аст.

Ҳафтаи гузашта Муҳаммад бин Салмон- ҷонишини валиаҳд ва вазири дифои Арабистон, дар изҳороти ситезаҷуёна гуфта буд, Арабистон, Эронро майдони ҷанг хоҳад кард.

Вазири дифои Эрон дар бахши дигаре аз ин гуфтугӯ, ки ал Манор қисматҳо аз онро пахш кардааст, дар бораи авзои Яман гуфт, «ин бори нахуст нест, ки саудиҳо бо Яман вориди ҷанг шудаанд, балки чаҳорумин ҷанги онҳо бо мардуми Яман аст. Саудиҳо дар се ҷанги гузашта шикаст хӯрданд ва ин бор низ мардуми Яман иҷоза нахоҳанд дод, низоми ваҳобии саудӣ бар ин кишвар мусаллат шавад.»

Вазири дифои Эрон, роҳи ҳалли буҳрони минтақаро хориҷ шудани Арабистон аз Яман, мудохила накардани Риёз дар умури кишварҳои исломӣ, пазириши низоми амнияти ҷамъӣ дар минтақа ва берун рондани неруҳои хориҷӣ аз минтақа ва саранҷом, бовар ба ҳуқуқи миллатҳо дар таъйини сарнавишти хеш донист.