Захмӣ шудани 11 нафар бар асари зилзила дар шимоли ғарби Эрон
Май 11, 2017 13:01 Asia/Dushanbe
Бар асари заминларзаи субҳи имрӯз дар устони Ардабил, дар шимоли ғарби Эрон 11 нафар захмӣ шуданд.
Соати ҳафту 54 дақиқаву 15 сонияи субҳи имрӯз ба вақти Теҳрон заминларзае бо қудрати 5 дараҷа дар миқёси амвоҷи дарунии замин (риштер) манотиқи шимоли устони Ардабилро ларзонд.
Бар асари ин ҳодиса 11 тан захмӣ шуданд, ки аз ин теъдод 10 нафар дар бемористон бистарӣ ҳастанд ва як нафар ба сурати сарипоӣ мудово шудааст.
Шабакаи ларзанигории вобаста ба Муассисаи геофизики Донишгоҳи Теҳрон эълом кард, маркази ин заминларза дар хоки ҷумҳурии Озарбойҷон будааст.
Устони Ардабили Эрон бо ҷумҳурии Озарбойҷон ҳаммарз аст.