Май 12, 2017 16:51 Asia/Dushanbe
  • Шайх Суҳравадӣ ва Донишгоҳи Ҷунди Шопур дар мероси ҷаҳонӣ сабт мешаванд

Дабири кулли Комиссияи миллии ЮНЕСКО дар Эрон аз ирсоли ду парвандаи ҷадид аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид барои сабт дар мероси ҷаҳонӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Саъдуллоҳ Насири Қидорӣ, рӯзи панҷшанбе эълом кард, дар яке аз парвандаҳои ирсолшуда ба ЮНЕСКО ҷой гирифтани номи Шайх Шаҳобуддин Суҳравардӣ, соҳиби фалсафаи ишроқ дар “Феҳристи машоҳири ҷаҳон” пешниҳод шудааст. Ӯ афзуд, парвандаи дигар низ барои сабти Донишгоҳи Ҷунди Шопур бо собиқаи 1 750-сола дар “Феҳристи мероси фарҳангии дунё” аст.

Ҷунди Шопур ё Гунди Шопур шаҳри бостонӣ аз даврони Соcониён дар устони Хузистон, ҷанубу Ғарби Эрон буда, ки бемористон ва донишгоҳи он дар ҷаҳони бостон шуҳрати бисёр дошта ва бозмондаҳое аз он ҳамчунон боқӣ аст.

Дабири кулли Комиссияи миллии ЮНЕСКО дар Эрон таъкид кард, бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин парвандаҳо меъёрҳои мавриди назар дар конфронси умумии соли 2017-и ЮНЕСКО-ро касб кардаанд, дар феҳристи ҷаҳонӣ сабт хоҳанд шуд.

То кунун номи 33 нафар аз машоҳири эронӣ ва ҳудуди 20 мероси фарҳангӣ, шомили биноҳои таърихӣ ва анвои осори фарҳангии Эрон дар “Феҳристи мероси фарҳанги дунё” сабт шудааст. 10 мероси маънавӣ, аз ҷумла оини таъзия ва 9 мероси мактубӣ низ ҳамроҳ бо як мероси табиии Эрон дар “Барномаи ҳофизаи ҷаҳонӣ” сабт шудааст.