Таҳдид нишон додани Эрон дар ҷаддидтарин гузориши ҷомеаи иттилоотии Амрико
Аввалин гузориши ҷомеаи иттилоотии Амрико аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар давлати Доналд Трамп мунташир шуд. Дар бахше аз ин гузориш иттиҳомҳои муҳум алайҳи Эрон бо адабиёти ҷадид такрор шудааст.
Дар бахши "таҳдидҳои умдаи" ин гузориш, аз 4 кишвари Эрон , Русия, Чин ва Кореяи Шимолӣ дар канори «таҳдидҳои ғайридавлатӣ » ном бурда шудааст . Дар бахши умури ҳастаӣ ва дифоӣ низ бори дигар иддао шудааст, ки мӯшакҳои болистикии Эрон, зотан дорои тавони ҳамли таслеҳоти куштори ҷамъӣ ҳастанд. Пеш аз интишори ин гузориш, Кумитаи иттилоотии маҷлиси Сенат низ рӯзи панҷшанбе, нишасте бо мавзӯ «таҳдидҳои ҷаҳонӣ» бо ҳузури мақомҳое аз ҷомеаи иттилоотии Амрико, аз ҷумла Daniel Coats баргузор кард. Мудири иттилооти миллии Амрико дар ин нишаст, Эронро яке аз таҳдидҳои пеши рӯи Амрико хонд ва гуфт, " Эрон дар Халиҷи Форс дар ҳоли истифода аз минаҳои дарёии пешрафта, қойиқҳои инфиҷорӣ бидуни сарнишин, аждарҳои пешрафта ва мӯшакҳои зидди киштӣ".
Ин мавзуот дар ҳоле дастмояи гузориши ниҳоди иттилоотии Амрико алайҳи Эрон қарор гирифтааст, ки воқеиятҳои кунунии минтақа нишон медиҳад, буҳронҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, натиҷаи сиёсатҳои таҳоҷумӣ ва мудохилаҷуёнаи Амрико аст. Ин рафтори Амрико иллати аслии шаклгирии терроризм ва ифротгароӣ аст. Эътирофоти бархе мақомҳои Амрико, аз ҷумла Ҳиллари Клинтон-вазири хориҷаи пешини ин кишвар бинобар даст доштани Амрико дар ба вуҷуд овардан ва ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ, ҳамчун Алқоида ва ДИИШ, бар ин мавзуъ сиҳҳа мегузорад. Амрико ва муттаҳидонаш бо танишсозӣ дар минтақа, заминаро барои фаъолияти террористҳо ва барафрӯхта шудани оташи ҷанг муҳайё карданд.
Мақомҳои Амрико, бо ворунасозит воқеиятҳо саъй доранд, нақшт Амрикоро ба унвони як ҷараёни созанда дар муодилоти минтақа ва ҷаҳон ва дар қолаби нақши як пулиси хуб муаррифӣ кунанд ва дигаронро маншаи таҳдидҳо нишон диҳад. Воқеият ин аст, ки Амрико ҷаҳонро гирифтори буҳроне карда, ки худ бавуҷуд оварда ва тасаввури мекунад дар ин шароит беҳтарин дифоъ дар ҳамла аст. Аммо даврони ҳежмуни Амрико рӯ ба уфул аст ва инро воқеиятҳои ҷаҳонӣ мегӯяд. Бисёре аз маҳофили сиёсӣ аз Иттиҳоди Аврупо то мунтақидони ҷиддии сиёсатҳои Амрико яъне Русия ва Чин ин навъи гузоришҳоро дар чорчӯиб моҷароҷӯии ҷадиди Амрико дар давраи Трамп арзёбӣ мекунанд.
Ноам Чомски, сиёсатмадор ва назарияпардози машҳури амрико чанде қабл дар мусоҳибае, дар посух ба саволе дар бораи изҳороти мақомҳои Амрико дар бораи ин ки Эрон бузургтарин таҳдид барои ин кишвар аст, гуфт, "..ин кор Амрико солҳост, ки идома дорад. Тамоми солҳои даврони Обама ҳам Эрон, бузургтарин таҳдид барои сулҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меомад ва ин ҳарф борҳо ва борҳо такрор шудааст".
Вай таъкид кард, "Аммо роҳбурди Эрон дифоӣ ва боздорандагӣ аст. Саволе, ки Чомски матраҳ кард ин аст, ки чи касе метавонад нигарони як сиёсати боздоранда бошад? "
Дар ҳар ҳол бояд гуфт, аввалин гузориши ҷомеи иттилоотии Амрик аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар давлат Трамп, дар воқеъ бозхонии иттиҳомҳои муҳум алайҳи Эрон аст. Мавзеи Эрон дар ин замина сареҳ ва шаффоф аст. Эрон иҷозаи ҳеҷ гуна мудохилаи хориҷиро дар масоили дифоии худ нахоҳад дод.