Май 14, 2017 16:35 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии зудҳангоми озодкорони Эрон дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё

Тими миллии гуштии озоди бузургсолони Эрон, пеш аз баргузории дидорҳо ва финал ва радабандии чаҳор вазни дуввум, қаҳрамони зудҳангоми сивумин давраи рақобатҳои қаҳрамонии Осиё дар Ҳинд шуд.

Ба гузориши Ирно, пас аз баргузории мусобиқоти муқаддамотии чаҳор вазни дуввуми рақобатҳои гуштии озоди қаҳрамонии Осиё, Беҳноми Эҳсонпур дар вазни 61 килограмм, Алиризо Каримӣ дар вазни 86 килограмм ва Ядуллоҳи Муҳиббӣ дар вазни 125 килограмм аз тими миллии гуштии озоди бузургсолони Эрон бо роҳёбӣ ба дидори финал, баъд аз зуҳри имрӯз ба масофи ҳарифон мераванд .

Бо таваҷҷуҳ ба касби як медали нуқраи Ҳусайни Шаҳбозӣ (97 килограмм) ва се биринҷии Ризо Атрӣ, Майсами Насирӣ ва Баҳмани Темурӣ ва 33 имтиёз дар рӯзи нахуст ва ҳамчунин мусаҷҷал шудани касби ҳаддиақали 33 имтиёз тавассути гуштигирони Эрон дар рӯзи дуввум, тими миллии гуштии озоди Эрон қаҳрамони зудҳангоми сивумин давраи ин мусобиқот шуд .

Сивумин давраи рақобатҳои гуштии озоди қаҳрамонии Осиё аз рӯзи шанбе (13 май) бо ҳузури 112 гуштигир аз 23 кишвар ба муддати ду рӯз дар варзишгоҳи “Индира Гандӣ” дар Деҳлии Нав, пойтахти Ҳинд дар ҳоли баргузорӣ аст .

 

Барчасп