Рӯзи бузургдошти Фирдавсии Тӯсӣ бар порсигуёни ҷаҳон фархунда бод!
(last modified Mon, 15 May 2017 07:54:19 GMT )
Май 15, 2017 12:54 Asia/Dushanbe

​​​​​​​ 25урдибиҳишт моҳ баробар бо 15 май рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, шоири ҳамосасарои эронӣ аст, ки умрашро барои посдорӣ аз забони форсӣ сарф кард.

Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, шоири баландовозаи форсисаро аст, ки бо асари шукӯҳманди худ, Шоҳнома, нақши ҷавонмардӣ, ахлоқ ва имонро дар баландои замон бар торих нишонд ва бо ҳикмату биниши густардааш, фарҳанги ғании Эронро то фаросӯи марзҳои хокӣ ба дили ошиқони фарҳангу ҳунар намоён сохт .

Дар соли 329 ҳиҷрии қамарӣ, ки одамулшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ бадруди ҳаёт гуфт, рӯстои Бож аз тавобеи Тӯси Хуросон, шоҳиди вилодати Абулқосими Ҳасан ибни Алии Тӯсӣ, маъруф ба Фирдавсӣ буд .

Фирдавсӣ аз кӯдакӣ ба донишомӯзӣ пардохт ва ахлоқ, торих ва фарҳанги эронӣ, тану ҷони ӯро парвариш дод .

Шоири ҳамосасарои эронӣ, ҳудуди 90 сол зист ва сӣ сол аз умри гаронбаҳояшро сарфи нигаҳдории забони асили форсӣ ва тамаддуни эронӣ кард.

Фирдавсӣ аз ҷумлаи меъморони фарҳангу адаб, бахши бузурге аз ҷаҳони имрӯз аст, ки бо ҳамвор сохтани ранҷе сӣ сола бар худ, тасвире зебо аз ҳамроҳии дину фарҳанги миллиро дар қолаби ёдгории ҳазорсола, ки ҳамвора тозаву судманд аст, аз хеш ба ёдгор гузошт .

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани рӯзи Фирдавсиро ба ҳамаи порсигуён ва адабдӯстони ҷаҳон табрик мегӯяд .