Май 15, 2017 16:01 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши забони форсӣ дар ҷаҳон, нишонаи иқтидори миллии Эрон

Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон гуфт, истиқбол аз омӯзиши забони форсӣ дар ҷаҳон нишонаи иқтидори миллии Эрон аст.

Ба гузориши хабаргузори Садо ва симо, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон рӯзи душанбе, ҳамзамон бо Рӯзи забон ва адабиёти форсӣ афзуд, ҳамакнун забони форсӣ дар ҳудуди 400 донишгоҳ дар саросари ҷаҳон тадрис мешавад ва ҳудуди 10 ҳазор донишҷӯ дар ин ришта таҳсил мекунад. Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон гуфт, дарсҳои озоди омӯзиши забони форси низ, ки фарогири 12 ҳазор довталаб ва 140 мударрис аст, дар беш аз 80 намояндагии Эрон дар хориҷ баргузор мешавад ва дарсҳои омӯзиши забони форсӣ дар рӯзҳои поёнии ҳафта дар мадориси Австралия, Канада, Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ дар ҳоли баргузорӣ аст.

25-уми урдибиҳишт (15-уми май) ба унвони Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ, шоири шаҳири форсу тоҷик ва пос доштани забони форсӣ дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон номгузорӣ шудааст.

 

Барчасп