Май 15, 2017 16:20 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории “Ҷомеат-ул-мустафо” бо радиоҳои бурунмарзии Садо ва симо

Ҳамгароии расонаҳои бурунмарзии Садо ва симо бо “Ҷомеат-ул-мустафо ал-оламия” дар Машҳад барои тарвиҷи фарҳангу маорифи исломӣ байни миллатҳо ваҷҳи иштироки матлубе дар баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳост.

Мудири “Радиои тоҷикӣ”-и Садо ва симо дар нишасти муштараки мудирони радиоҳои бурунмарзии Садо ва симо бо масъулони “Ҷомеат-ул-мустафо”-и Машҳад бо ишора ба каломи Имоми Хумайнӣ (раҳ), ки Садо ва симоро донишгоҳи умумӣ хонданд, гуфт, радиоҳои бурунмарзӣ ва “Ҷомеат-ул-мустафо” беш аз пеш ниёзманди ҳамкориҳои муштарак ҳастанд. Мухтор Фарзодӣ, зарфияти коршиносӣ ва таҳқиқии “Ҷомеат-ул-мустафо”- ро ёдовар шуда гуфт, ҳадафи муштарак аз як сӯ ва ҷойгоҳи пурмухотаби радиоҳои бурунмарзӣ аз дигар сӯ илзомоти инкорнопазир дар густариши сатҳи ҳамкориҳои ду тараф аст.

 Хайрободӣ, мудири “Радиои дарӣ”-и Садо ва симо ҳам бо ташреҳи барномаҳои мутааддиди ин радио дар муддати 12 соат пахши рӯзона зарурати тавлидоти муҳтавои покро заминаи муносибе барои таомул арзёбӣ ва тасреҳ кард, таваҷҷуҳ ба ниёзи мухотаб дар ҳамкориҳо бояд ба назар гирифта шавад. Зиёратӣ, мудири “Радиои ӯзбакӣ”-и Садо ва симо низ бо ишора ба вуҷуди маҳдудиятҳои ҷомеаи Узбакистон аз ҳайси баҳрамандӣ аз коршиносони бумӣ дар хусуси баҳрамандӣ аз зарфияти коршиносии устодон ва мударрисони ““Ҷомеат-ул-мустафо” эъломи амодагӣ кард.

Ҳуҷҷат-ул-Ислом ва ал-муслимин Маҳдавимеҳр, раиси “Ҷомеат-ул-мустафои ал-оламия”-и Машҳад бо баёни ҷойгоҳи расона ва нақши муассири он дар арсаи байналмилалӣ гуфт, расонаҳои имрӯза, чӣ дар арсаи хабар ва чӣ дар тавлидоти ироашуда аз равишҳои навине истифода мекунанд, ки илова бар ҷаззобияту мухотабгароӣ аҳдофи худро низ пайгирӣ мекунанд ва ин лозимаи тавфиқи расонаҳои дидорӣ ва шунидорӣ дар асри ҷадид аст.