Май 15, 2017 18:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши миллии бузургдошти Фирдавсӣ дар Машҳад

Муовини раисиҷумҳури Эрон гуфт, Шоҳномахонӣ аз асноди ҳувияти эрониён аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммадбоқири Навбахт имрӯз дар Ҳамоиши миллии бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва посдошти забони порсӣ дар Машҳад, ки бо ҳузури 300 нафар аз муҳаққиқон, фирдавсмшиносон ва шоҳномапажӯҳон баргузор шуд афзуд, намоиши фарҳанги эронӣ ва исломӣ ва баёни фазоили ахлоқӣ ва арзишҳои инсонӣ бо таъкид бар хирадварзӣ аз вижагиҳои Шоҳномаи Фирдавсӣ аст.

Ӯ гуфт, Шоҳнома сабаб шудааст, Фирдавсӣ дар ҳазор соли гузашта, ягона шоири ормонӣ ва миллии Эрон замин бошад.

Иҷрои наққолӣ ва рӯнамоӣ аз рамзи Фирдавсӣ ва 3 ҷилди китоб дар бораи Шоҳномаи Фирдавсӣ, аз барномаҳои ин ҳамоиши миллӣ буд.

Ҳамчунин имрӯз нишони Фирдавсӣ ба 6 нафар аз фирдавсишиносон ва ходимони забонифорсӣ дар дохил ва хориҷи Эрон эъто шуд.

Ҳасани Анварӣ, Алии Ривоқӣ ва Алиашрафи Содиқӣ аз Эрон, Неъмат Йлдрем аз Туркия, Абдулғафури Орзӯ аз Афғонистон ва Алим Ашрафхон аз Ҳинд муваффақ ба дарёфти нишони Фирдавсӣ шуданд.

25 урдибиҳиштмоҳ дар Эрон, солрӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва посдошти забони форсӣ аст.