Май 15, 2017 21:08 Asia/Dushanbe

​​​​​​Маросими бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ шоир, сухансарои бузург ва ҳамчунин посдошти забони форсӣ, асри имрӯз душанбе дар шаҳри Тӯс дар шимолу шарқи Эрон, баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин маросим доктор Навбахт- муовини раиси Ҷумҳурии Исломи Эрон, намояндагони кишварҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, устондори Хуросони Разавӣ ва ҳамчунин садҳо тан аз алоқамандони эронӣ ва ғайри эронии ин шоири баландовоза аз Эрон ва хориҷӣ ҳузур доштанд.

Дар ин маросим барномаҳои мутанаввеъе, аз ҷумла шоҳномахонӣ ва барномаҳои фарҳангӣ иҷро шуд.

Устондори Хуросони Разавӣ дар ин маросим, бо ишора ба мероси гаронбаҳои забонифорсӣ таъкид кард, ин Абулқосим Фирдавсӣ буд, ки 2 фарҳанги исломӣ ва эрониро дар ҳам омехт ва забони форсиро аз вартаи нобудӣ наҷот дод.

Рашидиён афзуд, Шоҳнома-ганҷинае бо арзиш аст, ки рафторҳо ва ҳамосаҳои ахлоқӣ ва инсониро ба тасвир мекашад ва ҳувияти инсонӣ ва исломии моро дар набарди хайру шар ҳувайдо мекунад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ончи маросими имсоларо аз солҳои қабл мутамоиз мекард, посдошти забонфорсӣ дар канори таҷлил аз Шоҳнома ва бузургдошти Фирдавсӣ буд.

Козими Дабирӣ, дабири ин ҳамоиш низ дар гуфтугӯ бо хабарнигори мо гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба интихоби Машҳад ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом, рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ дар тақвими Эрони исломӣ ба унвони рӯзи форсӣ низ номгузорӣ шуда ва ин рӯз аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст: