Май 16, 2017 19:02 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи раиси Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон ба муносибати интихоботи 19-уми май

Раиси Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон дар баёнияе таъкид кард, мардуми Эрон рӯзи баргузории интихобот нишон медиҳанд, ки дар роҳи ҳифзу ҳимоя аз низоми исломӣ мусаммам, бонишот ва муттаҳид ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, Оятуллоҳ Аҳмади Ҷаннатӣ, раиси Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ рӯзи сешанбе бо судури баёнияе эълом кард, мардуми Эрон бо ҳузури фаъол ва мушорикати ҷиддӣ дар интихобот борҳо иззатмандию масъулиятшиносии худро ошкор намудаанд ва рӯзи ҷумъа низ барои анҷоми рисолати динӣ, инқилобӣ ва миллии худ ба саҳна хоҳанд омад. Оятуллоҳ Ҷаннатӣ бо қадрдонӣ аз мардуми Эрон, ки худро барои ҳузури огоҳона ва душманшикан дар интихобот омода кардаанд, аз номзадҳои интихобот хост, масоили маишии мардумро дар авлавият қарор диҳанд ва бо барномарезии дақиқ барои иштиғол, афзоиши тавлид ва рафъи рукуд, бекорӣ ва коҳиши фосилаи табақотӣ гом бардоранд.

Интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурӣ ва панҷумин давраи шӯроҳои исломии шаҳру рустоҳо дар Эрон рӯзи ҷумъа, 19-уми май баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп