Баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
(last modified Thu, 18 May 2017 08:08:43 GMT )
Май 18, 2017 13:08 Asia/Dushanbe
  • Баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа, 19-уми май аз соати ҳашт то 18 дар сафоратхонаҳои Эрон дар кишварҳои Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон баргузор мешавад.

Сафорати Эрон дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон эълом кард, дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии исломӣ дар масҷиди ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)-и Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор хоҳад шуд.

Дар Қирғизистон низ интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар маҳалли Сафорати Эрон дар Бишкек, пойтахт баргузор мешавад.

Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон низ аз ҳамаи эрониёни муқими ин кишвар хост, рӯзи ҷумъа бо ҳузур дар маҳалли сафорат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ширкат кунанд.

Дар ҳар се кишвар эрониён бо ҳамроҳ доштани шиноснома, корти миллӣ ва ё гузарномаи муътабари эронӣ метавонанд раъй диҳанд.