Май 22, 2017 19:54 Asia/Dushanbe

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аз нахустин геопортали маконии Эрон, тарҳи калибрченкунии иртифоъсанҷии моҳвораӣ ва фазаи нахусти шабакаи истгоҳҳои доимии марзӣ рӯнамоӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор сартип посдор Ҳусайни Деҳқон, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар маросими ифтитоҳ ва баҳрабардорӣ аз ин тарҳҳои роҳбурдӣ, ки дар остонаи сеюми хурдоди солрӯзи ҳамосаи фатҳи Хуррамшаҳр рӯнамоӣ шуд, гуфт: Тавонмандсозии нерӯҳои мусаллаҳ дар заминаи ишрофи иттилоотӣ ва рӯзомадсозии таҷҳизоти иттилооти маконии бахши дифоии Эрон аз роҳбурдҳои аслии вазорати дифоъ ба шумор меравад .

Баҳрабардорӣ аз се тарҳи роҳбурдӣ дар Созмони ҷуғрофиёии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон
Баҳрабардорӣ аз се тарҳи роҳбурдӣ дар Созмони ҷуғрофиёии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон

Сардор сартип Деҳқон афзуд: Вазорати дифои Эрон бо шитоб бахшидан ба барномаҳои худ дар ҳавзаи ҷуғрофиёӣ ва нақшабардорӣ, дарсадад аст, куллияи ниёзмандиҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эронро бо баҳрагирӣ аз фанновариҳои рӯзи ҷаҳон ва бумисозии онҳо таъмин кунад .

Сардор сартип посдор Ҳусайни Деҳқон

Рӯзи чаҳоршанбе 24 май, солрӯзи озодсозии Хуррамшаҳр, дар соли 1982 аст рӯзе, ки Хуррамшаҳр тавассути нерӯҳои эронӣ озод шуду нерӯҳои ироқӣ ба пушти марзҳо ронда шуданд ва тилисми шикастнопазирии ироқиҳо шикаста шуд .

 

Барчасп