Май 23, 2017 14:26 Asia/Dushanbe
  • Сафари дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба Маскав

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон имрӯз барои ширкат дар ҳаштумин Нишасти амниятии мақомоти олии кишварҳо озими Маскав, пойтахти Русия шуд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар ҳаштумин Нишасти амниятии мақомоти олирутбаи 70 кишвар дар Маскав, ба унвони суханрон зимни табйини шароити амниятӣ ва таҳаввулоти сиёсӣ ва иқтисодии минтақа, роҳбурдҳо ва таҷрубиёти Эрон барои эҷоди заминаҳои муқобилаи муштарак бо падидаи терроризмро барои кишварҳои ширкаткунанда дар ин нишаст ироа хоҳад кард .

Шамхонӣ ҳамчунин дар ин нишаст, ки ба раёсати Шӯрои амнияти миллии Русия баргузор мешавад, бо мақомоти амниятӣ ва дифоии ин кишвар ва бархе кишварҳои ширкаткунанда дидору гуфтугӯ мекунад .

 

Барчасп