Вазорати умури хориҷии Эрон хушунати нерӯҳои амниятии Баҳрайнро маҳкум кард
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамлаи нерӯҳои амниятии Баҳрайн ба муътаризон дар минтақаи ад-Дироз ва вуруд ба ҳарими хонаи Оятуллоҳ Шайх Исо Қосимро ба шиддат маҳкум кард.
Баҳром Қосимӣ ҳамчунин судури ҳукм алайҳи Оятуллоҳ Шайх Исо Қосим, яке аз раҳбарони динӣ дар Баҳрайнро маҳкум ва аз шиддат ёфтани рӯйкардҳои амниятӣ дар ин кишвар шадидан ибрози нигаронӣ кард. Қосимӣ гуфт, Ҳукумати Баҳрайн бо дар пеш гирифтани рӯйкарди тоифаию мазҳабӣ ва бо ворид кардани иттиҳомҳои нораво алайҳи Шайх Қосим ва ду нафар аз наздиконаш ба ҷойи муҳокимаи онон ба дунболи ин аст, ки аҳкоми қатъии динӣ ва мазҳабиро ба муҳокима бикашонад.
Баҳром Қосимӣ бо таъкид ба аҳамияти ҷойгоҳи динӣ, мазҳабӣ ва сиёсии Оятуллоҳ Шайх Исо Қосим миёни мусалмонон дар бораи ҳар гуна таарруз ба эшон ҳушдор дода изофа кард, интизор меравад, Ҳукумати Баҳрайн шаън, ҷойгоҳ ва нуфузи маънавии эшонро мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дода ва бо эҳтиром ба хости мардум аз идома додани фишорҳо ба уламои Баҳрайн худдорӣ кунад.
Ҳамзамон бо боло гирифтани танишҳо миёни мардуми муътариз ва нерӯҳои давлатӣ нерӯҳои амниятии режими Оли Халифа пас аз юриш ба манзили Шайх Исо Қосим, рӯҳонии аршади Баҳрайн ва чанд соати даргирӣ бо ҳомиёнаш ӯро дар ҳабси хонагӣ қарор доданд. Манобеи баҳрайнӣ низ имрӯз эълом карданд, нерӯҳои амниятии Оли Халифа 150 ҷавони баҳрайнии ҳозир дар атрофи манзили Шайх Исо Қосимро боздошт карданд.
Режими Оли Халифа рӯзи якшанбе Шайх Исо Қосимро ба як соли ҳабс ва мусодираи амвол маҳкум карда, мавҷи эътирозоти мардумиро барангехт. Вале дар умум, Баҳрайн аз соли 2011 то кунун ба буҳрони норизоиятиҳои умумӣ аз сиёсатҳои саркӯбгаронаи режими Оли Халифа мувоҷеҳ аст.