Май 25, 2017 11:02 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Дифои муқаддас осори муҳиме барои имрӯзу оянда дорад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, яке аз дарсҳои мондагори даврони Дифои муқаддас ин буд, ки агар таваккул бар Худо ба таври амалӣ бо пазириш аз умқи ҷон бошад, қатъан метавон бар ҳамаи монеаҳову чолишҳо, муъминона ғалаба кард.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри чаҳоршанбе дар дидори ҷамъе аз фармондеҳон, размандагон ва ҳунармандони Дифои муқаддас, баёни хотироти даврони 8 соли ҷанги таҳмилӣ ва истифода аз шеваҳои ҳунарӣ, адабӣ ва навро барои интиқоли онҳо ба насли ҷадид коре бисёр боарзишу муҳим баршумурданд.

 Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки даврони Дифои муқаддас дар канори хисоратҳои моддиву инсонӣ, осори муҳиме барои имрӯзу оянда дорад гуфтанд, ҳифзу тақвияти руҳияи инқилобӣ дар ҷомеа ва мондагории инқилоб яке аз осори он даврон асту агар он ҳаракати ҷиҳодиву фидокорона набуд, қатъан руҳияи инқилобӣ дар маърази таҳдид қарор мегирифт.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ даврони Дифои муқаддасро саҳнаи “таваккули амалӣ ба Худо” ва “наҳаросидан аз қудратҳо” ва “ғалаба бар мавонеъ ба воситаи ин таваккули амалӣ” донистанду афзуданд: “Ҳар ҷомеаи дар ҳоли ҳаракат ба самти пешрафт, ба таври табиӣ бо мавонеу чолишҳое мувоҷеҳ аст ва агар ин ҷомеа дорои ормонҳои маънавӣ ва зидди қудратталабиву зидди дунёталабӣ бошад, қатъан мавонеъ бештар хоҳад буд, аз ин рӯ дар чунин ҷомеае таваккули амалӣ ба Худо ва эҳсоси тавоноӣ барои ғалаба бар мавонеъ бисёр муҳим аст”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, Эрон акнун метавонад муддаии пирӯзӣ бар ҳамаи чолишҳои пешорӯйи худ шавад, зеро таҷрибаи ғалаба бар мавонеи фаровону сахтро дар даврони Дифои муқаддас дорад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба ин ки дар даврони ҷанги таҳмилӣ ҳамаи қудратҳои дунё, аз Амрико, Нато, Шуравӣ то муртаҷеини минтақа муқобили ҷумҳурии исломӣ қарор доштанд, афзуданд, дар чунин шароите Эрон тавонист бар ҳамаи ин қудратҳо пирӯз шавад.

 

Барчасп