Май 25, 2017 14:19 Asia/Dushanbe
  • Овардани пайкари 130 шаҳиди даврони Дифои муқаддас ба Эрон

Пайкари поки 130 шаҳиди даврони Дифои муқаддас аз соҳили рӯди Арванд вориди хоки Эрон шуд.

Сарҳанг Ҳусайнии Ишқӣ, фармондеҳи қароргоҳи Кумитаи ҷустуҷӯи гумшудагони Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, пайкари поки ин шаҳидон аз оброҳи Арвандканор вориди хоки Эрони исломӣ шудаву қарор аст мавриди истиқболи мардуми Ободон, Арвандканор ва Хуррамшаҳр қарор гиранд.

Сарҳанг Ҳусайнии Ишқӣ афзуд, ҳаждаҳ нафар аз ин шаҳидон аз шуҳадои ғаввоси амалиёти Карбалои- 4 ҳастанд, ки пайкарҳои онҳо бо дастҳои баста кашф шудааст.

Фармондеҳи қароргоҳи Кумитаи ҷустуҷӯи гумшудагони Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон тасреҳ кард, пайкарҳои поки ин шаҳидон дар манотиқи амалиётии устонҳои Басра, Аламмора ва шаҳри Кути Ироқ дар як моҳи гузашта кашф шудааст.