Май 26, 2017 15:58 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии вазири умури хориҷии Эрон ба муносибати Рӯзи муқовимат

Вазири умури хориҷии Эрон дар паём‍ҳои ҷудогонае ба Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ ва Ҷиброн Босил, вазири умури хориҷии Лубнон ҳабдаҳумин солгарди фирори ишғолгарони саҳюнистро аз ҷануби ин кишвар табрик гуфт.

 25 майи соли 2000-ум режими саҳюнистӣ бо вуҷуди бархурдорӣ аз тавонмандиҳои низомӣ дар баробари нерӯҳои муқовамати Лубнон таслим ва маҷбур ба фирор аз ҷануби Лубнон шуд. Дар ин рӯз бахшҳои васее аз сарзаминҳои ишғолии Лубнон озод шуд. Бинобар ин Лубнониҳо ҳамасола 25-уми майро, ки солрӯзи фирори охирин низомии исроилӣ аз ҷануби ин кишвар аст, ба унвони Рӯзи муқовимат ва пирӯзӣ ҷашн мегиранд.

 

Барчасп