Эрон ҳамла ба марокизи дармониро дар ҷангҳо маҳкум кард
Намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамла ба марказҳои дармонӣ дар манотиқи ҷангзадаи ҷаҳонро маҳкум кард
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Ғуломалии Хушрав, рӯзи панҷшанбе дар нишасти умумии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки бо унвони "Ҳамла ба марокиз ва коркунони дармонӣ дар даргириҳои мусаллаҳона" баргузор шуд, ин гуна ҳамалотро яке аз мусибатҳои замони ҳозир тавсиф кард.
Хушрав бо ишора ба Қатъномаи №2286-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки соли гузашта бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳамла ба марокизи дармонӣ дар ҷаҳон тасвиб шуд, афзуд, ҷаҳон дар соли гузашта шоҳиди ҳамла ба марокизи дармонӣ дар 23 кишвар буда, ки кишварҳои Ховари Миёна беш аз ҳар минтақаи дигаре дар ҷаҳон ҳадафи ин гуна ҳамалот будаанд. Намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид афзуд, бар асоси гузориши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Фаластин, режими Исроил илова ба идомаи муҳосираи ғайрқонунии мардуми Фаластин танҳо дар соли 2016 беш аз 416 маркази дармонӣ ва коркунони онҳоро мавриди ҳамла қарор додааст. Хушрав ҳамчунин ба ҳамлаи Арабистон ба Яман, ки ҷинояти ҷангӣ шинохта шудааст, ишора кард ва гуфт, бар асари ҳамалоти Арабистон ба Яман, ки аз моҳи марти соли 2015 бо ҳимояти Амрико ва дар пеши чашми Шӯрои амният оғоз шуд, зерсохтҳои Яман, аз ҷумла марокизи дармонӣ ба вайронӣ ва нобудӣ кашида шудааст.