Май 26, 2017 19:01 Asia/Dushanbe
  • Нахустин бор дар ҷаҳон. Амали оби марвориди чашми ӯрдак дар Табрез

Нахустин ҷарроҳии оби марворид (катаракта)-и ҳайвоноти кӯчак дар ҷаҳон рӯйи чашми як ӯрдак дар шаҳри Табрез, шимоли ғарби Эрон бо муваффақият анҷом шуд.

Доктор Беҳном Ғаффорзода, пизишки мутахассиси ин амали ҷарроҳӣ шаби панҷшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, ин амал 30 дақиқа тӯл кашид, ки ин замон се то чаҳор баробари замони ҷарроҳии об марвориди чашми инсон аст. Доктор Ғаффорзода афзуд, ҷарроҳии об марвориди чашми ин ӯрдак бо тими мутахассиси беҳушӣ, байторӣ, мутахассиси чашм ва масъули фаннии утоқи ҷарроҳию беҳушӣ бо муваффақият анҷом шуд.

 Об марворид навъе бемории чашм аст, ки бо тира шудани адасии чашм (глазной линзы) оғоз шуда, бо афзоиши тирагӣ ва хира шудани адасӣ биноии чашм аз байн меравад.