Май 27, 2017 16:36 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои ҷоизаи Созмони милал ба Созмони навсозии мадориси Эрон

Ҷоизаи байналмилалии ду солонаи Созмони Милали Муттаҳид, мавсум ба ҷоизаи “Сасакава”-(Sasakava)- дар ҳавзаи коҳиши хатароти ношӣ аз ҳаводиси табиӣ ба Созмони навсозӣ, тавсеа ва таҷҳизи мадориси Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳдо шуд.

   Ба гузориши ИРНА, дар ҳошияи иҷлоси ҷаҳонии коҳиши мухотироти балоҳи табиӣ дар бандари Канкуни Мексика, маросими вижаи эҳдои ҷоизаи “Сасакава”-(Sasakava), бо ҳузури мақомоти аршади СММ, Бунёди Сасакава ва дар ҳузури намояндагони беш аз 180 кишвари ширкаткунанда дар ин конфронс, баргузор ва ин ҷоиза ба Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳдо шуд.

   Муҳаммадтақӣ Ҳусайнӣ- сафири Теҳрон дар Мексика, ки ин ҷоизаро ба намояндагӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дарёфт кард, бо ишора ба иқдомоти густурдаи давлати Эрон дар ин замина гуфт, дар натиҷаи иҷрои тарҳи таҷҳиз ва эминии мадорис, 95 ҳазор мадраса дар баргирандаи 13 миллион донишомӯзи эронӣ аз шароити эминӣ бархӯрдор шуданд.

   Ҷоиза ду солонаи Сасакава ба созмонҳое тааллуқ мегирад, ки муассиртарин иқдомотро барои коҳиши талафоти инсонӣ дар баробар хатарот ва ҳаводиси табиӣ монанди сел, зилзила, сунамӣ ва дигар ҳаводиси табиӣ анҷом додаанд.

   Ин аввалин бор аст, ки як созмон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон барандаи ҷоизаи аслии Сасакава шудааст.

 

Барчасп