Раиси ниҳоди ҳуқуқи башари Аврупо: Ҳуқуқи башар аз Эрон шакл гирифтааст
Раиси ниҳоди ҳуқуқи башари Аврупо гуфт, ҳуқуқи башар аз Эрон ва Шероз (ҷануби Эрон)- пойтахти тамаддуни ҷаҳон, шакл гирифта ва маншури ҳуқуқи башар низ ба унвони мероси фарҳангии ҷаҳон, нашъат гирифта аз маҳди тамаддунӣ аст.
Ба гузориши ИРНА, Мортен Киярум-раиси ниҳоди ҳуқуқи башари Аврупо дар нишасти тахассусии «ҳифозат аз мерос ва фарҳанги ҷаҳонӣ аз манзари низоми байналмилалии ҳуқуқи башар» дар Шероз, изҳор кард, ҳамаи ҷаҳон бояд бидонад, ҳуқуқи башар маҳсули тафаккури Ғарб нест, зеро Шероз ҷое аст, ки дар 2500 сол қабл, бардадорӣ дар он нақз ва аз бархӯрди хушунатомез бо зиндониён ҷилавгирӣ шуд ва ба занон низ ба унвони ниме аз иҷтимоъ, ҳуқуқи иҷтимоӣ ва баробар бо мардон тааллуқ гирифт.
Вай бо таъкид бар аҳамияти муҳофизат аз маҷмӯааи ҷаҳонии Тахти Ҷамшед афзуд, муҳофизат ва нигаҳдорӣ аз Тахти Ҷамшед, муҳофизат ва нигаҳдорӣ аз каромати инсонӣ, ҳуқуқи инсонҳо ва дифоъ аз ҳуқуқи башар аст.
Ёдмони таърихии Тахти Ҷамшед, ки мутааллиқ ба давра Ҳахоманишиён аст, яке аз чаҳор асари сабт шудаи устони Форс, дар феҳристи осори ҷаҳонӣ аст, ки дар соли 1979, дар ЮНЕСКО сабт шуд.