Нишасти коргурӯҳҳои ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бӯстон
(last modified Wed, 27 Nov 2024 05:19:35 GMT )
Ноябр 27, 2024 10:19 Asia/Dushanbe
  • Нишасти коргурӯҳҳои ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бӯстон

Нишасти коргурӯҳҳои ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бӯстон баргузор шуд.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, дар асоси мувофиқаи бадастомада аз 20 ноябр то 26 ноябри соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.

Ҷонибҳо дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, корҳоро оид ба тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон идома медиҳанд.

Дар анҷоми мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расид. Ин дидор дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум доир гардид.