Май 30, 2017 11:41 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи Эрон барои ифтори даҳҳо ҳазор рӯзадори фаластинӣ

Ҳамзамон бо оғози моҳи мубораки Рамазон тарҳи ифтори 250 ҳазор рӯзадори фаластинӣ дар минтақаи муҳосирашудаи борикаи Ғазза бо ҳимояти ҳилоли ҷумҳурии исломии Эрон оғоз шуд.

Ба иттилои Ирно, ин тарҳ то поёни моҳи мубораки Рамазон идома хоҳад дошт ва бар асоси он, рӯзона ҳафт ҳазору 500 бастаи ифторӣ дар байни мардуми Ғазза тавзеъ хоҳад шуд .

Ин тарҳ аз минтақаи Алшуҷоия дар шарқи Ғазза оғоз шудааст, ки дар таҳоҷуми соли 2014 режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза ҳадаф қарор гирифт ва тахриб шуд .

Бастаи ифтории Эрон барои сокинони Ғазза шомили биринҷ-гушт-мурғ-моҳӣ-хурмо- сабзавот ва нушиданӣ аст, ки дар миёни фуқаро ва мустамандон, хонаводаҳои шуҳадо, маҷруҳон ва зиндониёни фаластинии асири зиндонҳои режими саҳюнистӣ ва касоне, ки хонаву зиндагиашонро аз даст додаанд, тавзеъ мешавад .

Дар солҳои ахир, ин тарҳ аз сӯи Ҳилоли Аҳмари Эрон дар Ғазза иҷро шудааст .

Режими саҳюнистӣ ҳудуди 10 сол аст, ки борикаи Ғаззаро дар муҳосира қарор дода ва нақлу интиқоли коло ба ин минтақа ба душворӣ сурат мегирад .

 

 

Барчасп