Август 08, 2016 21:26 Asia/Dushanbe
  • Дидори Рӯҳонӣ ва Путин дар Боку

Раисони ҷумҳурии Эрон ва Русия дар Бокӯ, дар бораи таҳаввулоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ музокира карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ-раисиҷумҳури Эрон, ки ба манзури ширкат дар иҷлоси се ҷонибаи Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар Бокӯ ҳузур дорад, имрӯз дар ҳошияи баргузории ин иҷлос бо Владимир Путин-раисиҷумҳури Русия дидор ва гуфтугӯ кард.

Тавсеаи равобити дуҷониба низ аз мавзӯҳоӣ матраҳ шуда дар дидори раисони ҷумҳурии Эрон ва Русия буд.

Дар ҳамин ҳол, Путин пеш аз оғози музокирот бо Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон бо истифода аз тавонмандиҳои худ метавонанд тарҳҳои мухталифи дуҷониба, сеҷониба ва минтақаиро иҷро кунанд.

Путин ҳамчунин дар бораи мушкили минтақаи Қарабоғ гуфт, ки Маскав барои ҳалли таниш байни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари ин минтақа кӯмак хоҳад кард, то роҳи ҳалли қобили қабуле пайдо шавад.

Барчасп