Интихоби муҷаддади Лориҷонӣ ба унвони раиси Маҷлиси Эрон
Алии Лориҷонӣ бори дигар ба унвони раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон интихоб шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷаласаи намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе барои интихоботи раис ва аъзои ҳайати раисаи ҷадиди маҷлис барои соли дувум баргузор шуд.
Намояндагони Маҷлиси Эрон дар ин ҷаласа бо анҷоми раъйгирӣ, Алии Лориҷониро бо 204 раъй аз маҷмӯи 268 раъйи бадастомада ба унвони раиси Маҷлиси Эрон интихоб карданд.
Алии Лориҷонӣ аз апрели 2008 то кунун раёсати Маҷлиси Эронро бар ӯҳда дорад.
Ҳамчунин дар ин ҷаласаи раъйгирӣ Масъуди Пизишкиён бо 179 раъй ва Алии Мутаҳҳарӣ бо 163 раъй ба унвони ноибираиси аввал ва ноибраиси дувуми Маҷлиси Эрон интихоб шуданд.
Интихоби раис ва ҳайати раисаи Маҷлиси Эрон ҳар сол баргузор мешавад.