Июн 04, 2017 14:29 Asia/Dushanbe
  • Реҳлати бунёнгузори кабири Инқилоби Исломӣ ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.) таслият бод

Имом Рӯҳуллоҳ Мусавии Хумайнӣ (раҳ.), Раҳбари кабири Инқилоби Исломии Эрон, пас аз 87 сол зиндагии пурталош ва хастагӣ нопазир дар сеюми июн соли 1989 чашм аз ҷаҳон фурӯ баст ва ба дидори Ҳақ шитофт.

Дар пайи эъломи ин хабар ҷаҳони Ислом якпорча ғарқ дар мотаму азо шуд.

Ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) дар 22 сентябри соли 1902 дар шаҳри Хумайн, дар маркази Эрон дида ба ҷаҳон гушӯд.

Фаъолиятҳои сиёсии ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.) ҳамзамон бо фаъолиятҳои илмӣ ва фарҳангии эшон оғоз шуд. Муборизоти Имом алайҳи режими истибдодии шоҳ ва мудохилоти Амрико дар Эрон дар соли 1963 шиддат ёфт ва саранҷом ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.) тавассути режими шоҳ ба Туркия ва сипас Ироқ табъид шуд.

Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар муддати сездаҳ соли табъид дар Ироқ илова бар тарбияти шогирдони бисёр ба ифшогарии моҳияти фосиди режими шоҳ ва тамаъҳои номашрӯи Амрико дар Эрон пардохт ва бо судури эъломияҳои равшангар заминаҳои пирӯзии Инқилоби Исломиро фароҳам кард.

Саранҷом пас аз авҷгирии мубориза ва ҳиҷрати Имом ба Фаронса ва сипас бозгашти шукӯҳмандонаи эшон ба Эрон Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1979 ба пирӯзии ниҳоӣ расид. Пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ бо вуҷуди тавтеаҳои абарқудратҳо ва душманони дохилӣ ва хориҷии инқилоб, аз ҷумла ҷанги таҳмилии режими баъси Ироқ алайҳи Эрон Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар шароити сахт ва душвори он давра мардуми Эронро бо дироят ва шуҷоат раҳбарӣ кард.

Зимни арзи таслият ба муносибати реҳлати ҷонгудози он бузургавор гузидае аз суханон ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломиро дар мавриди Имом Хумайнӣ (раҳ.) меорем: «Қиёми ӯ қиёми анбиёи илоҳиро ба ёд меовард. Ӯ эҳёкунандаи биниши динӣ, барафурӯзандаи шӯълаи имону офаринандаи азимтарин ҳамосаи мардумӣ аст.»