Июн 05, 2017 19:33 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Эрон барои таъмини маводи ғизоии мавриди ниёзи Қатар

Раиси Иттиҳодияи содиркунандагони маҳсулоти кишоварзии Эрон эъломи омодагӣ кард, анвои маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоиро аз тариқи роҳи обӣ ва се бандари Эрон ба Қатар содир кунад.

Саидризо Нуронӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс, дар вокуниш ба таҳримҳои ҷадиди кишварҳои арабӣ алайҳи Қатар, ки шомили ирсоли маводи ғизоӣ низ мешавад, гуфт: Танҳо роҳи иртиботи заминӣ бо Қатар аз тариқи Арабистон аст ва акнун бо таҳрими ин кишвар, Эрон наздиктарин кишвар ба Қатар аст, ки метавонад аз роҳи обӣ бо таи масофатии 12 соата, маҳсулоти ғизоиро ба Қатар содир кунад .

Нуронӣ гуфт: Имкони ирсоли маҳсулот аз се бандари Бушеҳр, Бандараббос ва бандари Линга аз тариқи хутути каштиронии Эрон ба Қатар фароҳам аст .

Раиси Иттиҳодияи содиркунандагони маҳсулоти кишоварзии Эрон гуфт: Қатар солона чаҳор то панҷ миллиард доллар анвои маводи ғизоиро аз кишварҳое ҳамчун Арабистони Саудӣ, Миср ва Иморот ворид мекард, аммо акнун бо шиддат ёфтани таҳримҳо, ин кишвар ба якбора бо танишҳое мувоҷеҳ шудааст то ҷое, ки имрӯз мардуми Қатар барои хариди мояҳтоҷи худ ба фурӯшгоҳҳо ҳуҷум бурдаанд .

Дар як моҳи ахир, ба далели мавозеи Қатар дар мухолифат бо Арабистон, Иморот ва Баҳрайн, ин кишварҳо дар иқдоме якҷониба таҳримҳое аз ҷумла манъи содироти маводи ғизоӣ алайҳи Қатар эъмол кардаанд .

 

Барчасп