Интиқоди Эрон аз хурӯҷи Амрико аз тавофуқномаи Париж
Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо интиқод аз тасмими раисҷумҳури Амрико барои хурӯҷ аз тавофуқномаи Париж гуфт, Амрико беш аз ҳама дар эҷоду тавсеаи газҳои гулхонаӣ нақш доштааст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ рӯзи сешанбе дар ҳамоиши Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист дар Теҳрон гуфт, кишваре, ки беш аз ҳама дар эҷоду тавсеаи газҳои гулхонаӣ нақш дошта, имрӯз бо бартариҷӯии беҳисоб дар муқобила бо ин таҳдидҳои зистмуҳитӣ ибрози тардид кардааст. Ҷаҳонгирӣ афзуд, раисҷумҳури Амрико эълом карда, ки ба хотири мардуми ин кишвар аз тавофуқномаи Париж хориҷ шудааст, аммо Трамп фаромӯш карда, ки газҳои гулхонаӣ илова бар мардуми ҷаҳон мардуми Амрикоро ҳам таҳдид мекунад ва барои муқобила бо ин таҳдидоти зистмуҳитӣ бояд беш аз пеш амал кунад. Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ҳифзи муҳити зист дар қарни 21 аслитарин масъалае аст, ки ҷаҳон бо он рӯ ба рӯ аст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико панҷшанбеи гузашта бо эъломи хурӯҷи ин кишвар аз тавофуқномаи Париж дар бораи тағйири обу ҳаво муддаӣ шуд, ин тавофуқнома ҳеҷ суде барои Амрико надоштааст.
Муоҳидаи Париж барои ҷилавгирӣ аз авоқиби фоҷиаомези тағйироти обуҳавоӣ тавофуқномае аст, ки дар пайи музокироти тӯлонӣ бо ибтикори Созмони Милали Муттаҳид дар дувоздаҳуми декабри соли 2015 ба имзои 194 кишвар расида, дар соли 2016 мавриди амал қарор гирифт.