Июн 07, 2017 11:02 Asia/Dushanbe
  • Узвияти доими Эрон дар дастури кори нишасти Шанхай нест

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, узвияти доими ҷумҳурии исломӣ дар Созмони Ҳамкории Шанхай дар дастури кори нишасти ояндаи ин созмон қарор надорад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Баҳроми Қосимӣ бо ишора ба ҳузури ҳайате олирутба аз Ҷумҳурии исломии Эрон дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) афзуд, Эрон бо ҷиддият дар тамоми нишастҳо ба унвони узви нозир дар сатҳҳои хубе ширкат доштаву пайгири раванди таҳаввулоти СҲШ аст.

Қосимӣ ҳамчунин гуфт, Эрон дархости худ барои узвияти доим дар ин созмонро ироа додааст ва бештари сарону мақомоти кишварҳои узв борҳо аз узвияти доими Эрон истиқбол кардаанд, вале фароянди такмилӣ ва иҷрои он бояд баҳангому бо ҳамкории ҳамаи тарафҳо тай шавад.

Бархе расонаҳо дар рӯзҳои ахир аз баррасии мавзӯи узвияти доими Эрон дар СҲШ дар нишасти ояндаи сарони ин созмон дар Остона- пойтахти Қазоқистон хабар дода буданд.

Нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай қарор аст фардо ва пасфардо, 8 ва 9-уми июн дар шаҳри Остона- пойтахти Қазоқистон баргузор шавад.

Эрон ба унвони узви нозири СҲШ дар ҳоли музокира барои касби узвияти доим аст.

Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аъзои доими СҲШ ҳастанд.