Июн 08, 2017 16:59 Asia/Dushanbe
  • 
Афзоиши шумори шаҳидони ҳамалоти террористии Теҳрон

Бо шаҳид шудани яке дигар аз маҷрӯҳони ҳамалоти террористии рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон, теъдоди шаҳидон ба 17 нафар расид.

Равобити умумии Созмони пизишки қонунии Эрон эълом кард, бо шаҳодати яке дигар аз маҷрӯҳони ҳодисаи террористии рӯзи гузашта дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ, ҷамъи шаҳидон ба 17 нафар расид.

Аз 17 шаҳиди ҳаводиси террористии рӯзи гузаштаи Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва марқади мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ.) ба меъроҷи шаҳидон, 13 нафар шиносоӣ шудаанд.