Июн 09, 2017 18:45 Asia/Dushanbe

Имрӯз пас аз иқомаи намози ҷумъа пайкари шуҳадои ҳамалоти террористии рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон бар рӯйи дастони садҳо ҳазор тан аз мардуми рӯзадори ин шаҳр ташйиъ ва ба сӯии оромгоҳи абадӣ равона шуд.

Ширкаткунандагон дар оини ташйиъи пайкари шуҳадои ҳамалоти террористии Теҳрон бо сар додани шиорҳое чун «Марг бар Амрико!», «Марг бар Исроил!», «Марг бар Оли Сауд!» ва «Роҳи нуфузи душман масдуд бояд гардад!» пайкари шуҳадои террорро бадрақа карданд. Оини видоъ бо шуҳадои ҳамалоти террористии Теҳрон низ субҳи имрӯз, ҷумъа, бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳур, Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, Оятуллоҳ Содиқи Омулии Лориҷонӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон, шумори дигаре аз мақомҳои эронӣ ва сафирони чанд кишвар дар маҳалли Маҷлиси Шӯрои Исломӣ баргузор шуд.

Дар ду ҳамлаи террористии рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон 17 нафар шаҳид ва 52 тан низ маҷрӯҳ шуд.

 

Барчасп