Июн 09, 2017 19:12 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷии Эрон бо раисҷумҳурҳои Қазоқистону Афғонистон

Вазири умури хориҷии Эрон дар Остонаи Қазоқистон бо раисҷумҳури ин кишвар ва низ бо раисҷумҳури Афғонистон дидор кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф ва Нурсултон Назарбоев дар Остона бар тавсеа ва густариши ҳамкориҳои Эрону Қазоқистон таъкид карданд. Назарбоев дар ин дидор аз Эрон ба унвони ҳамсоя ва шарики муҳими стратегии Қазоқистон ёд кард. Раисҷумҳури Қазоқистон ҳамчунин бо ишора ба густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа ҳамкории ҳамаҷонибаро барои мубориза бо ин буҳрон хостор шуд. Муҳаммадҷаводи Зариф низ дар ин нишаст зимни иблоғи паёми дӯстии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳукумату миллати Қазоқистон гуфт, аз аҳдофи муҳими Эрон тавсеа ва густариши иртиботот бо ҳамсоягон аст ва дар ин замина Қазоқистон дар ҷойгоҳи вижае қарор дорад.

Зариф ҳамчунин дар Остона бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дидор кард. Раисҷумҳури Афғонистон дар ин дидор иқдомоти террористии рӯзи чаҳоршанбеи Теҳронро маҳкум карда, ба Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҳукумату миллати Эрон ибрози ҳамбстагӣ намуд. Вазири умури хориҷии Эрон ва раисҷумҳури Афғонистон дар ин дидор ҳамчунин дар бораи масоили муҳими минтақаӣ, аз ҷумла таниши ахири миёни кишварҳои араби минтақа бо якдигар ройзанӣ ва таъкид карданд, лозим аст, ин кишварҳо мушкилотро бо гуфтугӯ ҳаллу фасл кунанд.

 

Барчасп