Нобудии сад гурӯҳи террористӣ дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i18548-Нобудии_сад_гурӯҳи_террористӣ_дар_Эрон
Вазири иттилооти Эрон таъкид кард: Дар се соли гузашта ҳудуди 100 гурӯҳи террористӣ дар Эрон шиносоӣ ва нобуд шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 11, 2017 15:13 Asia/Dushanbe
  • Нобудии сад гурӯҳи террористӣ дар Эрон

Вазири иттилооти Эрон таъкид кард: Дар се соли гузашта ҳудуди 100 гурӯҳи террористӣ дар Эрон шиносоӣ ва нобуд шудааст.

Ба иттилои Ирно, Саид Маҳмуди Алавӣ шанбе шаб бо ҳузур дар як барномаи телевизионӣ афзуд: Токунун тимҳои террористии мутааддиде, ки қасди иқдомоти зидди амниятӣ ва инфиҷори бомбро дар манотиқи мухталифи Эрон доштанд, бо ҳушёрии нерӯҳои иттилоотӣ шиносоӣ ва дастгир шудаанд .

Вазири иттилооти Эрон гуфт: Дар се соли гузашта аз ҳамалоти террористии зиёде ҷилавгирӣ кардаем ва бо вуҷуди инки дар кишварҳои мухталиф иттифоқоти террористӣ афтода, дар Эрони исломӣ чандон хабаре аз ин иттифоқот набудааст .

Алавӣ бо ишора ба ҳалокати ахири саркардаи гурӯҳҳои террористӣ ба номи Абуоишаи Курдӣ дар марзҳои ғарбӣ ва ҳалокати Абуфорис, масъули мизи амалиёти Эрон дар Раққаи Сурия гуфт: Баъд аз амалиёти террористии рӯзи чаҳоршанбе, сарнахҳои зиёде ба даст овардем, ки бар асоси он афзун бар 40 террористи хатарнок шиносоӣ ва дастгир шудаанд .

Теҳрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (р) ва сохтмони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар Теҳрон шоҳиди ду амалиёти террористӣ буд, ки дар ниҳоят бо иқдомоти нерӯҳои амниятӣ ва ҳалокати террористҳо поён ёфт .

Дар ин ду иқдоми террористӣ, 17 нафар аз шаҳрвандони эронӣ шаҳид ва беш аз 50 нафар захмӣ шуданд.