Июн 12, 2017 09:02 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими миллии волейболи Эрон муқобили Аргентина

Тими милли волейболи Эрон дар охрин дидор аз ҳафтаи дувуми Ҷоми ҷаҳонии волейболи 2017, баробари тими миллии Аргентина қарор гирифт ва ин тимро шикаст дод.

Ба гузориши ИРНА, тими милли волейболи Эрон якшанбе шаб, дар ҳузури пуршӯри ҳаводорон ва алоқамандони тими миллӣ дар варзишгоҳи Озодии Теҳрон, муқобили тими миллии волейболи Аргентина бо натиҷа 3 бар 2 ба пирӯзӣ расид.

Тими миллии волейболи Эрон дар ду бозии гузаштаи худ, дар ҳафтаи дуввуми Ҷоми ҷаҳонии волейбол, тими миллии волейболи Белгияро 3 бар 2 шикаст дод ва муқобили теми миллии волейболи Сербистон шикаст хӯрд. Тими миллии волейболи Сербистон ҳам рӯзи якшанбе бо пирӯзии 3 бар сифр муқобили Белгия, ба ҷашни 9 имтиёзии худ дар ҳафтаи дуввуми Ҷоми ҷаҳонии волейбол ба мизбонии Теҳрон поён дод.

Тими миллии волейболи Эрон дар ҳафтаи сеюми Ҷоми ҷаҳонии волейбол дар Полша (15 то 19 июн ) ҷорӣ ба масофи Амрико, Русия ва Полша хоҳад рафт.

 

Барчасп