Июн 13, 2017 09:23 Asia/Dushanbe

Тими миллии футболи Эрон душанбе шаб бо бартарии 2 бар сифр муқобили Узбакистон ба Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия роҳ ёфт, то барои панҷумин бор дар торих, мусофири муҳимтарин рӯйдоди футболи ҷаҳон шавад.

Ин дидор бо як дақиқа сукут ба эҳтироми шуҳадои ҳодисаи террористии Теҳрон ва дар ҳузури ҳудуди 60 ҳазор тамошогар дар Варзишгоҳи озодии Теҳрон баргузор шуд ва дар ниҳоят тими миллии футболи Эрон бо ироаи намоише мантиқӣ ба пирӯзии 2 бар сифр расид ва ба Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия сууд кард .

Тими миллии футболи Эрон бо касби ин пирӯзии арзишманди хонагӣ 20 имтиёзӣ шуд ва дар фосилаи ду ҳафта ба поёни марҳалаи муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2018 расид.

Бар ин асос, тими Эрон ба унвони нахустин тими Осиёӣ ва дуввумин тими ҷаҳон мусофири Ҷоми ҷаҳонӣ шуд .

Ин панҷумин бор аст, ки тими Эрон муваффақ шудааст, ҷавози ҳузур дар Ҷоми ҷаҳониро аз они худ кунад .

Эрон солҳои гузашта, ба Ҷоми ҷаҳонии 1978 Аргентина, 1998 Фаронса, 2006 Олмон ва 2014 Бразилия роҳ ёфта буд .

Пеш аз ин тими миллии Бразилия бо садрнишинӣ дар минтақаи Амрикои Лотин ба унвони тими нахуст ҷавози вуруд ба Ҷоми ҷаҳонии 2018-ро касб карда буд .