Шабзиндадории нахустин шаби Қадр дар саросари Эрон
(last modified Wed, 14 Jun 2017 05:20:21 GMT )
Июн 14, 2017 10:20 Asia/Dushanbe
  • Шабзиндадории нахустин шаби Қадр дар саросари Эрон

Мардуми Эрони исломӣ ҳамзамон бо шаби нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон бо ҳузур дар ҳарамҳо, масҷидҳо ва сойири маконҳои мазҳабӣ ба дуо ва ниёиш пардохтанд.

Зоирон ва муҷовирон дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) дар Машҳад (шимоли шарқи Эрон) шаби гузашта, ҳамзамон бо нахустин шаб аз шабҳои Қадр ва шаби зарбат хӯрдани амиралмуъминин ҳазрати Алӣ (а), ойини эҳёи шаби нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазонро бо қироати Қуръон, ниёиш ва низ маддоҳӣ ва Қуръон бар сар гирифтан баргузор карданд.

Маросими эҳёи шаби нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон ҳамчунин дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) дар Қум (ҷануби Теҳрон) ва ҳамзамон дар дигар масоҷид, мусаллоҳо ва ҳусайнияҳои саросари Эрон баргузор шуд.

Шабҳои нуздаҳум, бистуякум ва бистусевуми моҳ мубораки Рамазон шаб‎ҳои Қадр аст ва мусалмонон бо шабзиндадорӣ, Қуръон бар сар гирифтан, ниёиш ва хондани дуои “Ҷавшани кабир” бо Худои худ розу ниёз мекунанд.

Саҳаргоҳи шаби нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон Ибни Мулҷами Муродӣ, аз гурӯҳи хавориҷ дар ҳоле ки ҳазрати Имом Алӣ (а) дар ҳоли иқомаи намози субҳ буданд, шамшери заҳрогини худро бар фарқи мубораки эшон фуруд овард.

 Он ҳазрат пас аз зарбат хӯрдан, дар хона бистарӣ ва ду рӯз баъд дар бистуякуми моҳи мубораки Рамазон шаҳид шуданд.