Июн 14, 2017 16:47 Asia/Dushanbe
  • Дидори бозикунон ва мураббиёни тими миллии футболи Эрон бо Рӯҳонӣ+акс

Бозикунон ва аъзои кадри фаннии тими миллии футбол бо раисҷумҳури исломии Эрон дидор карданд.

Ба иттилои пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ин дидор бо баёни инки миллати Эрон ҳамвора футболдӯст будааст, гуфт: Гул нахурдан дар ҳазор дақиқа, сууди қатъӣ ва зудҳангоми пеш аз поёни рақобатҳои гурӯҳӣ ба Ҷоми ҷаҳонӣу барои ду давраи паёпай аз рекордҳои тими миллии футболи Эрон дар солҳои ахир аст .

Рӯҳонӣ ибрози итминон кард, тими миллии футболи Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия бо сууд аз марҳалаи гурӯҳӣ рекорди ҷадидеро ба номи худ сабт кунад .

Масъуди Шуҷоӣ, капитани тими миллии футболи Эрон низ дар ин дидор, ҳимоятҳои давлат ва раисҷумҳурро мояи дилгармии бозикунон ва тими миллии футболи Эрон дар масири касби муваффақият донист .

Карлос Квиерос, сармураббии португалиявии тими миллии футболи Эрон ҳам зимни ибрози хурсандӣ аз дидор бо раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Ишқу шӯри мардум ба футбол ва вуҷуди истеъдодҳои фаровон дар Эрон, истиҳқоқи ҳимоятҳои бештарро дорад ва метавон бо истифода аз ин истеъдодҳо ва тааҳҳуде, ки эрониён доранд, футболи Эронро ба ҷойгоҳҳои болотар дар сатҳи ҷаҳонӣ расонд.

Тими миллии футболи Эрон душанбе шаб бо бартарии ду бар сифр муқобили Узбакистон ба Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия роҳ ёфт, то барои панҷумин бор дар торих, мусофири муҳимтарин рӯйдоди футболи ҷаҳон шавад .

Барчасп