Баргузории сеюмин шаби Қадр дар Эрони исломӣ
Маросими эҳёи сеюмин шаб аз шабҳои пурфазилати Қадр бо ҳузури муъминон дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.
Муъминон дар шаби 23 моҳи мубораки Рамазон дар масоҷид ва дигар маконҳои мазҳабӣ, дар саросари Эрон гирдиҳам омаданд ва қироати Қуръони карим то ҳангоми саҳар, дуои Ҷавшани Кабир ва номҳои аъзами илоҳиро замзама карданд.
Маддоҳон аҳли байт исмат ва таҳорат (ъ) ҳам дар васфи мавлои муттақиён ҳазрати Алӣ (ъ) ва ҳазрати имом Ҳусайн (ъ), навҳахонӣ ва марсияисароӣ карданд.
Авҷи маросими шаби 23 моҳи мубораки Рамазон дар ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (ъ) дар Машҳад муқаддас ва ҳарам мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (саломулоҳи алайҳо) дар шаҳри Қум буд.
Шабҳои 19, 21 ва 23 моҳи мубораки Рамазон, шабҳои қадр аст ва мусулмонон бо шабзиндадорӣ, ниёиш ва хондани дуоҳо, бо Худои худ розу ниёз мекунанд.
Ба ҳамин муносибат мардуми муъмини Эрони исломӣ дар шабҳои Қадр бо ҳузур дар масоҷид ва дигар амокини мазҳабӣ, бавижа ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (ъ), дар Машҳад (шимолу шарқи Эрон), масҷиди Ҷамкарон ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (с) дар Қум (ҷануби Теҳрон), маросими шаби Қадрро ба ҷо меоваранд.
Саҳаргоҳи нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон, Ибни Мулҷами Муродӣ аз гурӯҳи Хавориҷ, дар ҳоле, ки ҳазрати Имом Алӣ (ъ) дар ҳоли хондани намози субҳ буданд, шамшери заҳрогини худро бар фарқи мубораки эшон фуруд овард. Ҳазрати Алӣ (ъ) пас аз зарбат хӯрдан, дар хона бистарӣ ва ду рӯз баъд, яъне бисту якуми моҳи мубораки Рамазон шаҳид шуданд.
Шаби Қадр, шабе аст, ки дар тамоми сол шабе ба фазилати он намерасад ва амал дар он беҳтар аз амал дар ҳазор моҳ аст ва дар он, тақдири сол рақам мехӯрад.
Созмони Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, орзӯи қабулии ибодоти ҳамаи мусулмононро дар моҳи мубораки Рамазон, бавижа дар сеюмин шаби Қадр аз Худованди мутаол хостор аст.