Июн 18, 2017 21:36 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии намояндаи Созмони милали муттаҳид аз хадамоти Эрон ба паноҳандагон

Раиси дафтари Машҳади Комиссари олии Созмони милали муттаҳид дар умури паноҳандагон дар Эрон гуфт: Хадамоти ҷумҳурии исломии Эрон дар бимаи саломати атбои хориҷӣ, риояти ҳуқуқи иҷтимоӣ ва ҳаққи таҳсили паноҳандагон дар ҳеч ҷои ҷаҳон ироа намешавад.

Малагата Зеуди Мамов дар дидор бо Алӣ Асғари Таҳмосибӣ, муовини устондори Гулистон дар шимоли Эрон афзуд: Эрон солҳост, ки саховатмандона аз атбоъ ва паноҳандагони хориҷӣ нигаҳдорӣ мекунад ва ба онҳо хадамоти гуногуне ироа медиҳад, ки дар ҷаҳон беназир аст .

Вай афзуд: Созмони милали муттаҳид дар паи ҳимоят ва кумак ба кишварҳое монанди Эрон аст, ки солҳо ба атбои хориҷӣ ва паноҳандагон хадамот мерасонанд .

Алӣ Асғари Таҳмосибӣ ҳам дар ин дидор гуфт: Эрон бар асоси қонун ва омӯзаҳои дини мубини ислом ҳеч тафовуте дар хидматрасонӣ байни атбои бегона ва ҳамватанони худ қоил нест .

Мақомоти Созмони милали муттаҳид борҳо аз ҷумҳурии исломии Эрон ба сабаби инки мадрасаҳо, донишгоҳҳо, бемористонҳо ва марзҳои худро ба рӯи паноҳандагон боз кардааст, қадрдонӣ кардаанд .