Эҳзори кордори Швейтсария дар Теҳрон ба Вазорати хориҷаи Эрон
(last modified Tue, 20 Jun 2017 08:52:54 GMT )
Июн 20, 2017 13:52 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори кордори Швейтсария дар Теҳрон ба Вазорати хориҷаи Эрон

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Дар паи изҳороти мудохилаҷуёнаи вазири умури хориҷаи Амрико, кордори Швейтсария дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор ва маротиби эътирози расмии ҷумҳурии исломӣ ба давлати Амрико ба вай иблоғ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мақомоти Вазорати умури хориҷаи Эрон дар дидори сафири Швейтсария, изҳорот насанҷидаи Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи Амрико дар маҷлиси намояндагони он кишварро мудохилаи ошкор дар умури дохилии Эрон донистанду онро маҳкум карданд .

Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи Амрико дар маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфта буд: Сиёсати Амрико интиқоли мусолиматомези қудрат дар Эрон аст ва аз аносури дохилӣ дар Эрон, ки битавонанд дар интиқоли сулҳомези қудрат кумак кунанд, пуштибонӣ хоҳад кард.

Дар ин дидор ҳамчунин таъкид шуд, давлати Амрико дар муқобили ин изҳорот дорои масъулият аст ва бояд нисбат ба он посухгу бошад .

Кордори Швейтсария низ дар ин дидор зимни таъкид бар интиқоли паёми ҷумҳурии исломии Эрон ба давлати Амрико гуфт, ки дар асраи вақт натиҷаро ба иттилои давлати ҷумҳурии исломии Эрон хоҳад расонд.

Бо таваҷҷуҳ ба қатъи равобити дипломатии Амрикову Эрон аз ибтидои инқилоби исломӣ, Швейтсария ҳофизи манофеи давлати Амрико дар Эрон аст .